Бахшида ба 5500-солагии шаҳри қадимаи Саразм
Саразм – таҷассумгари тамаддуни куҳани тоҷикон
Моро зарур аст, ки ёдгориҳои таърихии худро ҳифз кунем, обод гардонем ва ба онҳо ҳамчун ҷузъи таркибии сарнавишти миллати куҳанбунёдамон муносибат намоем.
Ин қарзи мо дар назди таърих ва наслҳои оянда мебошад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
Боиси ифтихор аст, ки дар Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳифзу нигоҳдории ёдгориҳои таърихии миллатро ҳамчун ҷузъи таркибии сарнавишти миллати куҳанбунёд арзёбӣ намуда, онро қарзи ҳар як тоҷик дар назди таърих ва наслҳои оянда донистанд.
Пешвои муаззами миллат доимо таъкид медоранд, ки дар замони ҷаҳонишавӣ он миллате ҳувияти хешро поянда нигоҳ дошта метавонад, ки афроди он дар рӯҳияи худшиносиву меҳанпарастӣ тарбия ёфта, дар ҳифзи арзишҳои миллӣ саҳмгузор бошанд ва ба осори ниёгони худ арҷ гузоранд.
Мардуми тоҷик аз қадим миллати соҳибтамаддун ва бофарҳанг буда, бо таърихи бою гузаштаи пурғановати хеш миёни дигар халқиятҳо маъруф гаштааст. Сарчашмаҳои таърихӣ гувоҳӣ медиҳанд, ки бозёфтҳои маданияти қадимаи халқи тоҷик ба ҳазорсолаи чоруми то мелод мансуб буда, аввалин шаҳрҳову нахустин давлатҳои таърихии мо дар ҳамин сарзамин ба вуҷуд омадаанд, ки намунаи беҳтаринашон шаҳраки қадимаи Саразм ба ҳисоб меравад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2020 мизбони яке аз чорабиниҳои фарҳангии сатҳи ҷаҳонӣ, яъне таҷлили ёдгории қадимаи Саразм мебошад.
Саразм куҳантарин ва муқаддамтарин масканҳои тоҷикнишин ва эҳёгари тамаддуни миллӣ буда, дар қалби ҳар фарди ҷомеа ангезаи муассири ҳисси ватандӯстӣ, худогоҳии миллӣ, ифтихор аз давлату миллати худ ва ҳифзи истиқлол ва талош баҳри шукуфоии кишвари маҳбубамон – Тоҷикистонро бедор месозад.
Мавриди зикр аст, ки ёдгории қадимаи Саразм тирамоҳи соли 1976 аз ҷониби бостоншинос Абдуллоҷон Исҳоқов кашф гардид. Он дар 15 километрии ғарби шаҳри Панҷакент ва 45 – километрии шарқи шаҳри Самарқанд ҷойгир шудааст. Саразм яке аз ёдгориҳои қадимтарини давраи энеолит ва аввали асри биринҷӣ ба ҳисоб меравад.
Ҳарчанд колхозчиён ва аҳолии маҳаллӣ бисёр вақтҳо ҳангоми кор аз ин мавзеъ осорҳои атиқа ба монанди кӯза, олоти биринҷӣ, зевар ва ғайра меёфтанд, аммо то солҳои 70-уми асри 20 бостоншиносон дар бораи мавҷудияти шаҳри қадимии Саразм маълумоти дақиқ надоштанд. Танҳо соли 1976 Ашӯралӣ Тайлонов собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз хусуси табари биринҷии 6 сол пеш аз ин мавзеъ ёфтааш ба ходими илмии базаи бостоншиносии Панҷакент Абдуллоҷон Исҳоқов хабар дод. Бостоншиноси соҳибтаҷриба А.Исҳоқов, ки чанд сол боз дар бисёр ёдгориҳои таърихии Панҷакент таҳқиқот мебурд, оҷилан корҳои иктишофиро дар ин мавзеъ ташкил кард.
Ба ақидаи бостоншиносон, агар табарчаро пайдо намекарданд, шояд ёдгорӣ кашф намегардид. Лозим ба ёдоварист, ки то пайдо шудани табарча қисми зиёди ёдгорӣ ҳамчун заминҳои кишт ва назди ҳавлигӣ аз ҷониби мардуми маҳаллӣ аз худ шуда буданд.
Моҳиятан, табарчаи биринҷии ҳангоми хонасозӣ пайдо кардаи А.Тайлонов дар бостоншиносии ҷаҳон саҳифаи навро боз кард. Абдуллоҷон Исҳоқов дар китобаш «Саразм» ёдовар шудааст, ки пеш аз оғози ҳафриёт бо Усмонҷон Эшонқулов ва Ашӯралӣ Тайлонов майдони ёдгориро бо қадам чен карда, масоҳати онро 100 гектар тахмин кардаанд. Аммо бостоншиноси дигари тоҷик Абдурауф Раззоқов, ки умрашро баҳри пажӯҳиши Саразм сарф кардааст, мегӯяд, ки масоҳати Саразм шояд зиёда аз 100 гектар бошад.
Дар асари илмии устод А. Исҳоқов иқтибос оварда шудааст, ки олими суғдшиноси рус Владимир Аронович Лившитс Саразмро ҳамчун калимаи қадимии суғдӣ шарҳ дода, маънои онро “саризамин”, яъне оғози саршавии замини паҳно гуфтааст.
Ҳоло дар илми бостоншиносӣ бошишгоҳи Саразм ҳамчун ягона ёдгории қадимии кишоварзӣ дар Мовароуннаҳр маъруф аст. Саразм дар ҳазораи IV-и то милод ба яке аз марказҳои бузурги қадимаи кишоварзӣ, шаҳрсозӣ ва ҳунармандӣ табдил ёфта, дар таърихи қадими Шарқ саҳифаи нав боз намуд ва шуҳрати ҷаҳонӣ пайдо кард.
Аз рӯи маълумоти бадастомада муқаррар шудааст, ки асоси иқтисодиёти сокинони Саразмро асосан кишоварзӣ, чорводорӣ ва косибӣ ташкил мекарда аст. Аз охири ҳазораи IV-и то милод, бошишгоҳи Саразм ба яке аз марказҳои бузургтарини филизкорӣ (металлургӣ)-и Осиёи Марказӣ табдил ёфтааст. Ба ин захираҳои бойи маъданҳои тилло, нуқра, мис, қӯрғошим, симоб, қалъагӣ ва фирӯза дар силсилакӯҳҳои болооби Зарафшон мусоидат кардааст. Аз Саразм буттаҳои маъдангудозӣ, қолабҳои гилии рехтагарӣ, дош (кӯра)-ҳои филизгудозӣ ёфт шудаанд, ки аз рушди коркарди филиззот дар ин бошишгоҳ шаҳодат медиҳанд. Саразмиҳо мис ва қалъагиро даромехта, табар, корд, ханҷари дудама, пайкон, чангаки моҳигирӣ, дарафш ва сӯзан месохтанд.
Хулоса, Саразми бостон яке аз нахустин ва марказҳои кулолгарии нафақат ниёгони мо, балки тамоми сокинони минтақаи Осиёи Марказӣ будааст. Маҳз нуфузу мақом ва таъсири санъати кулолгарии Саразм буд, ки дар қарнҳои минбаъда кулолгарӣ дар Самарқанд, Бухоро, Хуҷанд, Ҳулбук, Балх, Кошону Исфаҳон барин шаҳрҳои бузурги минтақаи Осиё низ тараққӣ намуд.
Ба эътиқоди бостоншиноси тоҷик Абдурауф Раззоқов, ки ба ҳафриёти муҷтамаъи бостонии Саразм машғул аст, мазҳаби сокинони Саразм зардуштӣ буда, нишонаҳое аз “маздоизм” дар ин ҷо ба мушоҳида мерасад.
Соли 1984 бо роҳбарии А.Исҳоқов ва корманди Маркази бостоншиносӣ ва таҳқиқоти Фаронсавӣ Р.Безенвал экспедитсияи бостоншиносӣ ташкил карда шуд ва корҳои иктишофӣ дар ин мавзеъ вусъати тоза пайдо кард. Бостоншиносон дар шаҳри қадимии Саразм 4 бино ва 10 хандақро ошкор карданд. Масоҳати бинои аввал 180м^2 буда, аз 7 хона иборат аст. Девори бино аз хишти хом сохта шудааст. Бинои дуюм 500 м^2 масоҳат дошта, 48 хонаро дар бар мегирад. Девораш похсагист. Масоҳати бинои сеюм 350 м^2 буда, 13 хона дорад. Девораш аз хишти хом. Тарафҳои баробар, масоҳати якхела, рӯ ба рӯй ҷойгирифтани даромадгоҳҳо се долони ба ҳам монанд шаҳодат медиҳанд, ки он аз рӯи нақшаи махсус сохта шудааст. Хонаҳои иқоматӣ мураббаъ ва росткунҷа буда, бари даромадгоҳҳо танг аст. Фарши хонаҳо оташдони мудаввар дорад. Оташдонҳо баъзан дар болои суфача сохта шудаанд. Бинои чорум 18 хонаро дар бар мегирад. Аз ин қисмат ибодатгоҳ ва оташдони калон кашф шудаанд. Дар дохили ибодатгоҳ оташдон ва дар деворҳояш деворнигораҳои хусусияти мазҳабӣ дошта мавҷуд буданд. Дар Саразм ду намуди оташдон кашф гардидааст: мудаввар ва росткунҷа. Ҳар ду намуди оташдон дар марказ барои афрӯхтани оташи муқаддас чуқуриҳои амиқ доранд. Зимни ҳафриёт дар Саразм чаҳор давраи ҳаёт ошкор карда шудааст: давраи I – 3500–3200 сол то милод, давраи II – 3200–2900 сол то милод, давраи III 2900–2700 сол то милод, давраи IV – 2700–2000 сол то милод. Аз рӯи ин давраҳо ва стратиграфияи ҳафриёти II бостоншиносон синни шаҳри қадимии Саразмро 5500 сол муқаррар кардаанд. Вале бо вуҷуди таҳқиқоти анҷом дода шуда, санаи дақиқи пайдоиши Саразм то ҳол дақиқ муайян карда нашудааст ва 5500 сол доштани он тахминист. Муҳаққиқон тахмин мекунанд, ки Саразм шояд пойтахти қадимии вилояти таърихии Суғдиён ё Мовароуннаҳри Осиёи Миёна ва эҳтимол ҳамон бошишгоҳе бошад, ки бостоншиносон ба сифати «Самарқанди Қадим» ҷустуҷӯ мекунанд. Вале ин фаразияҳоро танҳо идома додани ҳафриёт дар Саразм тасдиқ ва ё рад карда метавонад. Бинобар ақидаи бостоншиносон, дар оянда аз заминҳои кишт ва ҳавлию манзилҳои истиқоматии аҳолии ин деҳаҳо муайян кардани ҳудуди боқимондаи бошишгоҳи Саразм ва идома додани ҳафриёти Саразм зарураст, то ин ки санаи пайдоиш ва таърихи шаҳри қадимаи Саразм дақиқ муайян карда шавад. Албатта, ин як пешниҳод аст, ки зарурати онро бостоншиносони ҷумҳурӣ муайян хоҳанд кард.
Яке аз бозёфтҳои нодири аз ҳафриёт пайдо шуда, ин ҷасади Маликаи Саразм мебошад. Доир ба ин масъала доктори илми таърих Саидмурод Бобомуллоев маълумот дод. Бино бар ақидаи ӯ, қабри Малика соли 1983 кашф гардид. Антрополог Телман Хоҷаев муайян кард, ки хонум 23 сола буда, як фарзанд таваллуд кардааст ва қадаш 1 метру 65 сантиметр мебошад. Ҳамроҳаш 49 муҳраи тиллоӣ ва бештар аз 4,5 кило сангҳои лоҷувард, ақиқ, инчунин ҳайкалчаи гилӣ ва як оинаи биринҷӣ дафн шуда буд. Пас аз таҳқиқи хамаҷонибаи Маликаи Саразм аз тарафи бостоншиносони ватаниву хориҷӣ собит гашт, ки он 3500 сол пеш аз мелод дафн гаштааст. Ҷасад дар қабр дар ҳолати батни модарӣ гӯронида шуда, устухонҳои дасту гардан ва бозувони ӯ пур аз зебу ороишоти қиматбаҳо буд. Инчунин дар назди ҷасад қадаҳи мармарин, оина ва дигар ашёи зиннатдиҳанда ёфт гардид. Ин аз он дарак медиҳад, ки ин зан дар давраи модаршоҳӣ зиндагӣ намуда, Малика мебошад ва ба хонаводаи ашрофзодагон тааллуқ дорад.
Тибқи таҳқиқоти бостоншиносон Саразм яке аз қадимтарин шаҳрҳои Мовароуннаҳр эътироф шудааст. Бозёфтҳои он шаҳодат медиҳанд, ки аҷдодони тоҷикон ҳанӯз то ҳуҷуми Ҳахоманишиёну Искандари Мақдунӣ дорои маданияти мутараққӣ будааст. Бинобар ин имрӯз Саразм шояд ба муаррифии бештаре ниёз дошта бошад. Осорхонаҳо дар ҳифз, муаррифӣ ва эҳёву нигоҳдошти ёдгориҳои таърихӣ саҳми сазовор доранд. Агар барои нигоҳ доштан ва муаррифӣ кардани ашёву олотҳои аз мамнӯъгоҳ ёфт шуда дар мамнӯъгоҳ як бинои боҳашаматтаре (яъне ба таври замонавӣ) ба сифати осорхона сохта шавад, ба андешаи мо, шукӯҳи ин ёдгории таърихиро дар назари бинандагон, бахусус сайёҳони хориҷӣ, ки ҳамасола аз Мамнӯъгоҳи таърихӣ - бостоншиносии Саразм бештар дидан мекунанд, меафзояд.
Дар инкишофу пешрафт ва нумуи тамаддунҳо мавқеи шаҳрҳо бағоят бузург аст. Миллати тоҷик ифтихор дорад, ки шаҳрҳоеро аз қабили Самарқанду Бухоро, Панҷакенту Истаравшан, Кӯлобу Ҳирот бунёд намудааст, ки аҳамияти бузурги фарҳангию таърихӣ доранд.
Тавре маълум аст, 21 сентябри соли 2000 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории қадимаи Саразм, ки дорои таърихи 5500 сола мебошад, ҳамчун маркази ташаккули тамаддуни кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозии тоҷикон - «Мамнӯъгоҳи таърихиву бостоншиносии Саразм» эълон гардида, 31 июли соли 2010 он бо пешниҳоди Пешвои маҳбуби миллат аз ҷониби ЮНЕСКО ба Феҳристи мероси фарҳангии умумибашарӣ ворид гардид.
Ҳамин тариқ, бо Фармони Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 12-уми сентябри соли 2020 дар шаҳри Панҷакент 5500-солагии Саразм ҷашн гирифта мешавад. Бо ин мақсад кумитаи тадорукот ташкил шуда, омодагӣ ҷиддӣ аст. Дар робита ба ҷашн ба истифода додани 29 иншоот ба нақша гирифта шудааст. Аз ҷумла, дар Саразм меҳмонхона, осорхона бунёд гашта, атрофи мамнӯъгоҳ панҷарабандӣ шуда, роҳ таъмир мешавад.
Дар айни ҳол низ дар ин ёдгории қадима се гурӯҳи калони бостоншиносон кор карда истодаанд. Онҳо ба омодасозии ҳафриётҳо ва муайян кардани тарҳи пурраи шаҳри Саразм - нахустин шаҳри Вароруд машғул ҳастанд. То ҷашн нақша доранд, ки пурра тарҳи он қисмати муайяни шаҳре, ки унсурҳои шаҳрро нишон медиҳад, ошкор кунанд.
Дар корҳои тадқиқотию ҳафриётӣ ғайр аз мутахассисони ватанӣ, инчунин бостоншиносон, антропологҳо, меъморон ва наққошон аз кишварҳои Фаронса ва Руссия даъват шудаанд. Ҳамаи онҳо кӯшиш карда истодаанд, ки то ҷашн тамоми ҷанбаҳои Саразм ҳамчун шаҳр омӯхта ва нишон дода шавад. Ғайр аз ин Саразм, ки оғози маданияти кишоварзӣ ва ҳунармандӣ мебошад, олимон он бозёфтҳоеро, ки аз он ҷо дарёфт шудаанд ва ҳунари олии сокинони Саразмро дар самти истифодаи маъдан, фулузот, сангҳои қимматбаҳо ва нимқимматбаҳо нишон медиҳанд, муайян карда, тарзи сохтани олоти меҳнату ороиширо таҳқиқ мекунанд. Аллакай намудҳои анборҳои маъмули ғалладонаи ҳамон давра пайдо карда шуданд, ки ин яке аз самтҳои корҳои илмӣ - тадқиқотӣ ва омӯзишии Саразм аст. Ин корҳо то августи соли 2020 идома меёбанд.
Инчунин, то оғози ҷашн ду конференсияи байналмилалӣ дар мавзӯъҳои «Саразм ҳамчун ибтидои маданияти кишоварзӣ» ва «Саразм ҳамчун ибтидои маданияти шаҳрсозӣ» дар Панҷакент бояд доир карда шавад. Инчунин, доир ба нақш ва тамаддуни Саразм дар ташаккулу рушди тамаддуни Осиёи Марказӣ симпозиуми байналмилалӣ банақша гирифта шудааст. Интизор меравад, ки ин симпозиум 10 сентябри соли 2020 дар Душанбе оғоз гардида, 11 сентябри ҳамон сол дар Панҷакент идома ёбад.
Ҷашни 5500 - солагии Саразм, ки бо пешниҳоди Пешвои муаззами миллат 12-уми сентябри соли равон дар сатҳи ҷаҳонӣ таҷлил карда мешавад, мояи худшиносӣ, меҳанпарастии тоҷикон ва тоҷикони бурунмарзӣ хоҳад гашт. Зеро зимни ироаи Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҷлили 5500 солагии шаҳри қадимаи Саразмро қарзи ҳар як сокини мамлакат дар назди таърих ва наслҳои оянда арзёбӣ намуданд.
Ба андешаи Сарвари давлат, ин ҷашн имкон медиҳад, ки мо маданияти беш аз 5500 солаи аз ҷониби доираҳои илмии ҷаҳон эътирофшудаи худро ба ҷаҳониён ба таври шоиста муаррифӣ намоем.
Аз ин лиҳоз моро зарур аст, ки ёдгориҳои таърихии худро ҳифз кунем, обод гардонем ва ба онҳо ҳамчун ҷузъи таркибии сарнавишти миллати куҳанбунёдамон муносибат намоем. Зеро ин қарзи мо дар назди таърих ва наслҳои оянда мебошад.
Мо ҷавонон, ки Пайравони асили Пешвои миллатем, мекушем то дар эҳё ва ҳифз намудани ёдгориҳои таърихию фарҳанги пурғановати миллатамон саҳми боризи худро гузорем. Зеро мо ба ҳама кор қодирем!!!
АБДУЛҲАМИДЗОДА Амиралӣ, ҲАБИБЗОДА Ҳокимҷон, курсантони курси 5-уми Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон.