Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ғорат намудани телефони мобилӣ аз марди 58-сола

Ба ШВКД дар шаҳри Вадат бо ариза марди 58-солаи сокини ноҳияи Ш.Шоҳин муроҷиат намудааст, ки 14-уми ноябри соли 2025, тахминан соати 18:00, марди 28-солаи сокини шаҳри Ваҳдат дар кӯчаи Сомониёни шаҳри мазкур бо тариқи ошкоро ва бо роҳи зӯроварӣ аз дохили автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс Е350” 1-адад телефони мобилии тамғаи “Самсунг”, ки арзишаш 2 ҳазор сомониро ташкил медиҳад гирифта, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

17.11.2025 8:08
23