Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Рух додани ҳодисаҳои нақлиётии марговар  

11-уми ноябри соли 2025, тахминан соати 21:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Тайота Камри», Ғиёсов Муҳаммаднасим Мироҷиддинович, соли таваллудаш 1997, сокини шаҳри Панҷакент, ҳангоми ҳаракат дар роҳи нақлиётгарди «Айни-Панҷакент» дар ҳудуди деҳаи Дашти маллаи шаҳри Панҷакент аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада,  ба сутуни канори роҳ бархӯрдааст. 
Дар натиҷа, ронанда Ғиёсов М.М. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
12-уми ноябри соли 2025, тахминан соати 14:50-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Toyota Vitz”, Шералиева Бибираҷаб Муродовна, соли таваллудаш 1983, сокини ноҳияи Ёвон, ҳангоми ҳаракат аз самти ноҳияи Ёвон ба самти шаҳри Ваҳдат, воқеъ дар дохили нақби “Хатлон” ба самти муқобили роҳ баромада, ба автомашинаи тамғаи “Lexus RX 350”, таҳти идораи Раҷабов Шералӣ Саъдуллоевич, соли таваллудаш 1980, сокини шаҳри Душанбе бархӯрдааст. 
Дар натиҷа, мусофирони дохили автомашинаи тамғаи “Toyota Vitz”, хурдсолон Ибодова Ясмина Манучеҳровна, соли таваллудаш 2022 ва Ибодова Мутриба Манучеҳровна, соли таваллудаш 2024, сокинони ноҳияи Ёвон ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, мусофири дигараш хурдсол Ибодова Баҳора Манучеҳровна, соли таваллудаш 2023, сокини ҳамон ҷо дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

13.11.2025 8:18
41