Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Милитсияи Суғд кормандони телевизионро  қадршиносӣ кард

Барои ҳамкорӣ бо мақомоти корҳои дохилӣ ва мунтазам инъикоси фаъолияти милитсия тавассути ВАО гуруҳи кормандони Идораи телевизион ва радиои вилояти Суғд бо Сипосномаи сардори Раёсати ВКД дар вилояти Суғд генерал - майори милитсия Пирзода Маҳмадсафар Қузратулло қадршиносӣ карда шуданд.
Иқдоми роҳбарияти Раёсат ба муносибати Рӯзи кормандони милитсия амалӣ карда шуда, нишонаи эҳтиром ба кори заҳматталаби кормандони техникию эҷодии Идораи телевизион ва радиои вилояти Суғд мебошад. Зеро фаъолияти милитсияи Суғд ва дигар самтҳои фаъолияти хоҷагии халқ доимо тавасути минбари барномаҳои телевизиони Суғд (ТВС) инъикос меёбад. 
Аз ҷумла, дар ҳамкорӣ бо шабакаи телевизионии мазкур барномаи “Милитсия хабар медиҳад”, таҳия ва пахш гардида дар самти тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон, тарғиби риояи қонуну тартибот, тарзи ҳаёти солим ва баланд намудани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон таъсиргузор мебошад.
Гуфтан ба маврид аст, ки дар баробари мавқеъи намоён дар таҳияи барномаҳо вобаста ба фаъолияти милитсияи Суғд, масъулини телевизиони вилоят имсол раванди баргузории чорабиниҳо дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд бахшида ба Рӯзи милитсияро дар сатҳи баланд омода ва инъикос намуданд.
Роҳбарияти мақомоти корҳои дохилии вилояти Суғд итминони комил дорад, ки ҳамкориҳои созанда минбаъд низ идома меёбад.
Санаи 11 ноябр Сипосномаҳо аз ҷониби  масъулини маркази матбуоти Раёсат дар вазъияти тантанавӣ бо иштироки ҳайати кормандони техникиву эҷодии Идораи телевизион ва радиои вилояти Суғд ба соҳибонаш тақдим гардид.
Раёсати ВКД дар вилояти Суғд.

12.11.2025 16:44
46