Қалъаи Муғ
Қалъаи Муғ яке аз ёдгориҳои бузурги фарҳанги қадимаи аҷдодии тоҷикон буда, он дар қисмати шимолии ҷумҳурӣ дар шаҳри Истаравшани вилояти Суғд ҷойгир аст.
Олимон пайдоиши онро ба асри V-и то мелод баробар мекунанд. Ин қалъа ҷузъиётҳои қадимаи беҳтарини бо сабки миллии меъморишударо ифода мекунад.
Қалъа дар баландии 1040 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир буда, дарозии деворҳои он 600 метр ва майдони умумии он 6 гектарро ташкил медиҳад.
Тобистони соли 1933 бо роҳбарии шарқшиноси машҳур А.Фрейман дар қалъа хафриёти археологӣ гузаронида шуд, ки дар натиҷа беш аз 100 ашёи нодир ёфт шуд, ки ба асрҳои III-II-и пеш аз мелод рост меоянд.
Ин макони таърихӣ хеле зебо ва тамошобоб буда, барои сайру сайёҳат, мавзеи ҷолиби диққати сайёҳон мебошад.
Бознашр аз ҳафтаномаи «Қонун ва ҷомеа» №32(484) аз 09-08-2018