Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ошкор шудани ду ҳолати азонихудкунии маблағ

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансур аризаи роҳбари ҶДММ “Файзи Хуршед”, марди 33-солаи сокини шаҳри Душанбе ворид гардидааст, ки аз моҳи марти соли 2025, марди 27-солаи сокини пойтахт дар  ҶДММ “Файзи Хуршед” ба ҳайси молрасон кору фаъолият намуда, дар давраи кории худ молу маҳсулоти ҶДММ-и мазкурро ба маблағи 240 ҳазор сомонӣ ба фурӯш гузошта, маблағи онҳоро азонихуд намуда ба манфиати  шахсиаш сарф кардааст.
Инчунин дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 37-солаи сокини шаҳри Душанбе бо гумони содир намудани ҷинояти азонихудкунӣ ё исрофкорӣ дастгир карда шуд. 
Гумонбаршаванда мувофиқи фармоиши роҳбарияти ҶДММ «Рушон» аз 1-уми октябри соли 2022, ба ҳайси боррасон ба кор қабул гардида, тавассути борхат ба маблағи 560 ҳазору 303 сомонӣ маҳсулоти шустушӯиро гирифта онҳоро фурӯхта, маблағҳои ба даст овардаашро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст. 
Нисбати гумонбаршаванда бо моддаи 245 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

12.11.2025 8:42
34