Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вохӯрии Вазири корҳои дохилӣ бо Саркотиби мусобиқаи байналмилалии Шоҳмот

12-уми ноябри соли 2025 Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо Саркотиби мусобиқаи Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мусобиқаи байналмилалии Шоҳмот аз Ҷумҳурии Исломии Эрон хонум Муродӣ Ширин вохӯрӣ доир намуд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ зикр гардид, ки шоҳмот ё шатранҷ яке аз куҳантарин бозиҳост, ки имрӯз дар саросари ҷаҳон ривоҷу шуҳрат дорад. Шатранҷ мусобиқаи зеҳнҳо ва навъе аз варзиши фикрист. 
Шоёни қайд аст, ки Вазири корҳои дохилӣ Раҳимзода Рамазон Ҳамро номзади устоди варзиш оид ба шоҳмот мебошад.
Бояд тазаккур дод, ки аз 10 то 16-уми ноябри соли равон дар меҳмонхонаи "Истиқлол"-и шаҳри Душанбе мусобиқаи байналмилалии Шоҳмот барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад, ки дар он 16 давлат ва зиёда аз 200 варзишгар иштирок доранд.
Хонум Муродӣ Ширин ин мусобиқаро доварӣ менамоянд.

12.11.2025 13:57
122