Ҳалокати пиёдагард бар асари ҳодисаи нақлиётӣ
9-уми ноябри соли 2025, тахминан соати 20:00, ронандаи автомашинаи тамғаи «Киа Оптима», Самаров Ғаюр Ғиёсиддинович, соли таваллудаш 1998, сокини шаҳри Панҷакент, ҳангоми ҳаракат дар роҳи нақлиётгари «Шинг-Панҷакент» дар ҳудуди деҳаи Чорбоғи ҷамоати деҳоти Косатароши шаҳри мазкур аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Соатов Тоҳир Шодиевич, соли таваллудаш 1969, сокини ҳамин шаҳрро пахш намудааст.
Дар натиҷа, пиёдагард Соатов Т.Ш. ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Оид ба ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.















