Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дастгир гардидани марди 36-сола барои ташкил намудани фоҳишахона

Зимни баргузор намудани чорабниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки марди 36-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуров, 16-уми октябри соли 2025 дар бустонсарояш воқеъ дар минтақаи истироҳатии осоишгоҳи шаҳри Гулистон ба ҷавони 20 ва зани 35-солаи сокинони шаҳри Хуҷанд ва ноҳияи Зафаробод барои алоқаи ҷинсӣ намудан шароит фароҳам оварда, бар ивазаш ҳамчун мукофот аз онҳо 1 ҳазор сомонӣ гирифтааст. 
Инчунин гумонбаршаванда 22-юми октябри соли 2025, дар бустонсарояш ба ҷавони 20-сола ва зани 41-солаи сокинони шаҳрҳои Хуҷанду Гулистон барои алоқаи ҷинсӣ намудан шароит фароҳам оварда, бар ивазаш ҳамчун мукофот маблағи пули 1 ҳазор сомонӣ гирифтааст.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

11.11.2025 8:26
47