Милитсия – ҳомии амни Ватан!
10-уми ноябри соли 2025 дар Театри академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик чорабинии идонаи бошукӯҳ бо иштироки Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, роҳбарони сохторҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ, собиқадорон, ҳайати шахсии мақомоти корҳои дохилӣ ва дигар меҳмонони расмӣ баргузор гардид.
Дар ҷараёни чорабинӣ бо иштироки ҳунармандони ансамбли созию овозии «Сипар»-и Вазорати корҳои дохилӣ ва дигар ситораҳои санъати тобноки мусиқии кишвар консерти идонаи хотирмон манзури иштирокчиён гардонида шуда, ҷашни милитсияи тоҷик бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил гардид.
Гул Маҳбуба





























