Қадршиносии кормандони милитсияи Суғд ба муносибати иди касбӣ
80-уми ноябр ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик дар Раёсати ВКД дар вилояти Суғд чорабинии идона доир гашт. Чорабинии мазкур бо гулгузории ҳайати роҳбарикунандаи милитсияи Суғд ва собиқадорони соҳа дар пояи муҷассамаи ёдгорӣ, ки дар саҳни бинои маъмурии Раёсат ҷойгир аст оғоз ёфт. Бо гузоштани гулчанбар ва гулҳои тару тоза аз корнамоии фарзандони содиқи Ватан, ки барои таҳкими пояҳои давлатдорӣ ва барқарор намудани сохти конститутсионӣ ҷон бохтаанд, ёдоварӣ карданд. Ва бо тартиби хоси низомиён хотираи шаҳидони сохти конститутсионӣ ва кормандони зимни иҷрои вазифаҳои хизматӣ ба ҳалокат расидаи милитсия, онҳое, ки бо ҷасорат аз ҳаёти худ гузаштаанд, гиромӣ доштанд.
Дар оғоз ҳамчун нишони эҳтиром ба муқаддасоти миллӣ Парчами давлатӣ ба толори идона оро додашуда ворид ва ҳайати иштирокдорони чорабинии идона Суруди миллиро сароиданд.
Сардори Раёсати ВКД дар вилояти Суғд генерал-майори милитсия Маҳмадсафар Пирзода бо маърузаи табрикотӣ аз фаъолият ва ҷонбозиҳои ба нафъи осоиштагӣ ва пешрафту тараққиёти давлат гузоштаи кормандони милитсия, татбиқи сиёсати давлатӣ аз ҷониби онҳо, барқарор намудани сохти конститутсионӣ, дастовардҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд ва таваҷҷуҳу ғамхории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати мақомот ба ҳозирин маълумот дод.
Зикр гардид, ки аз замони таъсисёбӣ то ба имрӯз милитсияи тоҷик бо фаъолияти шабонарӯзӣ ва дар баъзан ҳолат хатарнок баҳри таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, бехатарии шаҳрвандон, пешгирӣ ва решакан кардани унсурҳои ҷиноятӣ ҷонбозиҳо карда, намегузорад, ки осоиштагӣ дар Ватан халал ёбад.
Дар ҷараёни ҷаласаи тантанавӣ фаъолияти назаррас ва ба нафъи ҷомеа анҷомдодаи кормандонро қадршиносӣ карданд. Аз ҷумла, бо фармоиши ВКД ва Раёсати Вазорат дар вилояти Суғд аз ҳисоби кормандони шуъбаву хадамотҳои дастгоҳи марказии Раёсат якчанд нафар кормандони масъулиятшинос бо медалу нишонҳои соҳавӣ, Ифтихорнома, Сипоснома ва Раҳматнома қадршиносӣ карда шуданд.
Садоқат ба халқу Ватан ва Президенти мамлакат ваъдаи тантанавии ҳар як корманди қадршиносӣ гардида буд.
Ҳамчунин дар арафаи иди касбӣ бо ибтикори роҳбарияти Раёсати ВКД дар вилояти Суғд ба собиқадорони соҳа кӯмаки якдафъаинаи пулӣ расонида шуд.
Ҳамингуна тантанаҳои иди касбии Рӯзи кормандони милитсия дар 18 шаҳру ноҳияи вилояти Суғд таҷлил карда хоҳад шуд.
Ёдрас менамоем, ки 10 ноябр Рӯзи милитсияи тоҷик мебошад, ки дар тамоми воҳидҳои сохтории ВКД қайд карда мешавад.
Маҳз хизмати содиқонаи милитсияи тоҷик аст, ки дар соли 2025 Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи нишондиҳандаҳои амният ва субот дар раддабандии солонаи Пажуҳишгоҳи амрикоии Gallup (Геллап) дар байни 144 давлати ҷаҳон мақоми дуюмро ишғол намуд. Ба иттилои созмон, аксари пурсидашудагон дар Тоҷикистон изҳор доштаанд, ки ҳангоми гаштугузор дар шабона ҳеҷ гуна хатар эҳсос намекунанд ва сатҳи боварии онҳо ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баланд аст.
Ин радабандӣ самаранокии кори мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи кишвар аз ҷумла милитсияи тоҷикро нишон медиҳад. Сарзамини амният, ваҳдат ва зиндагии орому осуда эътироф шудани Тоҷикистони маҳбуб барои ҳар як корманди милитсия мояи ифтохор аст. Зеро тавониста, ки сазовори боварию эътимоди шаҳрвандон гардад.
Акбар Шарифӣ, подполковники милитсия.


































