Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар Воҳиди махсуси ВКД Рӯзи Конститутсия ва Иди касбии кормандони милитсия таҷлил гардид

Бо ворид намудани Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба толор ва зинда хондани Суруди миллӣ аз ҷониби роҳбарият ва ҳайати шахсӣ, дар Воҳиди махсуси Вазорати корҳои дохилӣ ба чорабинии бошукӯҳи идона ҳусни оғоз бахшида шуд. Дар аввали ин маҳфили хотирмон, ки ба муносибати Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи милитсияи тоҷик доир гардид, филми ҷолибе дар бораи Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, марҳи­ла­ҳои рушд ва ҷойгоҳи волои он дар ҷомеаи имрӯзаи кишвар манзури иштирокчиёну меҳмонони ҷамъомад гардонида шуд.
Сардори Воҳиди махсуси ВКД генерал-майори милитсия Мирзомуродзода Рустам Тағоймурод дар суханронии пурмуҳтавои худ бо ёдоварӣ аз давраҳои ташаккули Конститутсия, вазъияти ҳассоси солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ва нақши ин санади олии ҳуқуқӣ дар таҳкими Истиқлолияти давлатӣ, таъмини сулҳу субот дар ҷомеа ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, иброз намуд, ки тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардидани Конститутсия маънои онро дорад, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон халқ баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ эълон шудааст.
Рустам Мирзомуродзода дар идомаи суханронии худ, ба муносибати чорабинии дигари дарпешистода - Рӯзи милитсияи тоҷик, дар бораи корнамоиву ҷонбозиҳои хизматчиёни ин мақомоти бонуфузи давлатӣ дар роҳи таҳким бахшидани рукнҳои Истиқлолият ва таъмини суботу оромӣ дар кишвар маълумоти муфассал дод. Мавсуф аз қаҳрамониву ҷоннисорӣ ва сарсупурдагии ҳайати шахсии мақомоти корҳои дохилӣ дар солҳои барои давлату миллати тоҷик сарнавиштсоз ёдовар шуда, бо ифтихор иброз намуд, ки ҳоло ҳам кормандони ниҳоди мазкур дар роҳи мубориза бо ҷинояту ҷинояткорӣ ва бартарафсозии хатарҳои замони муосир камари ҳиммат бастаанд.
- Воҳиди махсус дар қиёс ба бисёре аз воҳидҳои дигари ВКД нисбатан дертар таъсис дода шуд. Яъне, бо мақсади таъмини бехатарии ҷамъиятӣ дар самтҳои ҳаракати Сарвари давлат ва меҳмонони олиқадр, бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷи­кистон "Воҳиди махсуси Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини бехатарии ҷамъиятӣ дар самтҳои ҳаракати Сарвари давлат ва меҳмонони олиқадр" аз 15-уми июли соли 2003 таъсис ёфт, ки беш аз 22 сол аст хизматчиёни он масъулияти ҷиддиеро ба зимма доранд. 
Ниҳоди мазкур воҳиди алоҳидаи сохтори Дастгоҳи марказии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон буда, вазифаи таъмини бехатарии ҷамъиятӣ дар самтҳои ҳаракати Сарвари давлат ва меҳмонони олиқадри хориҷиро, ки бо сафарҳои корӣ ва расмию давлатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф меоранд, ба уҳда дорад, - иброз намуд ӯ.
Дар идомаи ин маҳфили бошукӯҳ, ҳамчунин Нависандаи халқии Тоҷикистон Абдулҳамид Самад, шоири шинохта Нозирҷон Ёдгорӣ, аввалин сардори Воҳиди махсуси ВКД генерал-майори мустаъфии милитсия Ҳабибулло Маҷидов ва собиқадори ин ниҳод генерал-майори мустаъфӣ Шариф Ҷабборов бо суханони табрикотӣ баромад карданд.
Номбурдаҳо бо ёдоварӣ аз дастгириву фароҳам­созии шароити мусоиди корӣ барои ҳайати шахсии мақомоти корҳои дохилӣ, аз ҷумла кормандони Воҳиди махсус иброз намуданд, ки нақши милитсияро дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон дарк намуда, Асосгузори сулҳу ваҳ­дати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳ­тарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша нисбати хизматчиёни сохтори мазкур ғамхориҳо зоҳир менамоянд. Ҳамин аст, ки тайи солҳои охир барои натиҷабахш гардидани фаъолияти онҳо бинову иншооти зарурии маъмурӣ ва манзилҳои истиқоматӣ сохтаву ба истифода дода шудаанд. 
Сипас, дар доираи ин ҷамъомади идона, бо барпо кардани маҳфили хосае 7 нафар кормандони ниҳоди мазкур ботантана ба нафақа гусел карда шуданд.
Ҳамчунин, ба муносибати чорабиниҳои идона чанде аз кормандоне, ки дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидаанд, аз номи Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ва аз тарафи сардори Воҳиди махсуси ВКД генерал-майори милитсия Мирзомуродзода Рустам Тағоймурод бо рутбаҳои навбатӣ, Ифтихорномаву Сипоснома, Раҳмат­нома ва нишону медалҳои ҷашнӣ сарфароз гардонида шуданд.
Беш аз 30 нафар собиқадорони соҳа низ бо туҳфаҳои идона қадрдонӣ гардида, ба ду нафари онҳо аз номи Вазири корҳои дохилӣ роҳхат ба осоишгоҳи «Шоҳамбарӣ» барои барқарор намудани саломатиашон супорида шуд. Ин иқдом ҳайати шахсии Воҳиди махсус, хусусан собиқадорони онро, ки солҳои зиёд дар ин сохтор фаъолият кардаанд, руҳбаланд намуд.
Дар идомаи чорабинӣ, зимни суханронӣ генерал-майори милитсия Рустам Мирзомуродзода зикр намуд, ки дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ дар сафи милитсия он шахсоне кор мекарданд, ки ба савганду касби хеш содиқ монда, дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва дар мубориза бо ҳама гуна унсурҳои ҷиноятӣ саҳми калон гузоштаанд.
- Маҳз натиҷаи заҳматҳои шабонарӯзии ин гуна ашхос аст, ки имрӯз мову шумо чун сокинони дигар гӯшаву канори кишвар дар фазои орому осуда кору фаъолият ва зиндагӣ дорем. Собиқадороне, ки айни ҳол дар чорабинии мо иштирок доранд, аз зумраи ҳамин гуна афроди сарсупурда мебошанд, ки новобаста ба нафақа баромадан, ҳанӯз ҳам бо Воҳиди махсус робитаи наздик дошта, дар тамоми чорабиниҳои он ширкат меварзанд. Бешак, ватандӯстиву корномаи онҳо мояи ифтихори роҳбарият ва ҳайати шахсии ин ниҳод, хусусан насли ҷавони он мебошад, - иброз намуд ӯ.
Дар идомаи суханронӣ номбурда аз дастгириҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Рамазон Раҳимзода ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоиди корӣ барои хизматчиёни мақомоти корҳои дохилӣ ёдовар шуда, таъкид намуд, ки маҳз ҳамин гуна таваҷҷуҳи доимӣ нисбати фаъолияти Воҳиди махсус мебошад, ки ҳайати шахсии он тайи солҳои охир ба дастовардҳои назарраси хизматӣ ноил гардидааст.
Дар интиҳо, дар бораи давраҳои ташаккулёбии милитсияи тоҷик дар солҳои соҳибистиқлолӣ филми мустанад манзури иштирокчиёни чора­бинӣ гардонида шуда, барои собиқадорону ҳайати шахсии Воҳиди махсуси ВКД ва меҳмонони ин маҳфили хотирмон дастархони идона ороста шуд. 
У. ОЛИМ,
Т. ЛАТИПОВ 

10.11.2025 17:12
73