Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи бинои Шуъбаи Хадамоти давлатии "Муҳофиза" дар ноҳияи Фархор

8-уми ноябри соли 2025 муовини Вазири корҳои дохилӣ полковники милитсия Вализода Илҳомиддин Сироҷиддин ва Раиси ноҳияи Фархор Зариф Назирӣ дар арафаи таҷлили Рӯзи милитсия бинои Шуъбаи Хадамоти давлатии «Муҳофиза»-и ВКД дар ноҳияи Фархорро мавриди истифода қарор доданд.
Бояд зикр намуд, ки бинои мазкур аз ду ошёна ва таҳхона иборат буда, дар он утоқҳои корӣ, толорҳои варзишӣ ва маҷлисгоҳ, инчунин китобхона, ошхона ва дигар иншооти ёрирасон ҷойгир мебошад.
Зикр кардан ба маврид, ки он бо як тарҳи наву замонавӣ сохта шуда, барои кормандон тамоми таҷҳизоти муосир муҳаё карда шудааст.
Дар рафти боздид аз бинои ШХД «Муҳофиза»-и ВКД дар ноҳияи Фархор ва ҳуҷраҳои корӣ муовини Вазири корҳои дохилӣ бо шароити хизматии кормандон шинос шуда, аз сатҳу сифати корҳои ба сомон расонидашуда, изҳори хушнудӣ намуд.
Ҳамчунин таъкид гардид, ки ҳангоми муҳофизати бинову иншооти гуногун бо мардум хушмуомила бошед. Зеро дар симои шумо корманди милитсия муаррифӣ мешавад. 
Илҳомиддин Вализода зимни суҳбат бо ҳайати шахсии шуъбаи мазкур ба онҳо ҷиҳати пешгирии қонуншиканиҳо ва ҷинояткорӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, инчунин таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва нигоҳубини иншооти муҳим, дастуру супоришҳо дод.


08.11.2025 21:28
160