Хатлон: Ифтитоҳи бинои иловагии Шуъбаи ВКД дар ноҳияи Кӯшониён
Дар рӯзҳои таҷлил аз Рӯзи таъсисёбии милитсияи тоҷик дар ноҳияи Кӯшониён бо иштироки муовини якуми Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Аламшозода Абдураҳмон Аламшо бинои иловагӣ мавриди истифода қарор гирифт.
Бо дастгирии роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, ҷалби соҳибкорон даромадгоҳи бинои Шуъбаи ВКД дар ноҳияи Кӯшониён, қисми навбатдорӣ, утоқҳои кории таъмирталаби шуъба аз таъмири хушсифат бароварда шуда, ҳамзамон бинои иловагии дуошёна иборат аз 6 ҳуҷраи корӣ, толори маҷлисгоҳ барои 90 нафар ҷойи нишаст ва биноҳои ёрирасони маишӣ, бойгонӣ барои нигоҳдории ҳуҷҷатҳои Шуъбаи ВКД дар ноҳияи Кӯшониён ва захираи маводи ғизоии хушк барои зимистонгузаронӣ, анбори захираи сӯзишворӣ сохта шуда, бо иштироки роҳбарияти ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон , роҳбарияти Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон, ноҳия ва дигар ҳайати ҳамроҳон мавриди истифодабарӣ қарор дода шуд.
Таъмиру тармим гаштани ҳуҷраҳои корӣ, бунёди бинои иловагӣ, сафолакпӯш гардидани атрофи бинои шуъба, назаррабоии дарахтҳо, гулҳои ороишӣ ва фароҳам овардани шароити моддиву маишӣ барои кормандони милится дар ноҳияи Кӯшониён идомаи тадбирҳои бунёдкорӣ аст, ки дар партави дастуру супоришҳои бевоситаи роҳбарияти ҳукумати кишвар татбиқ гардида, боиси руҳбаландии ҳайати кормандон ва беҳдошти инфрасохтори маҳал гардидааст.
Зимни боздид муовини якуми Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Аламшозода Абдураҳмон Аламшо ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дод.
Бинои мазкур дар доираи истиқболи арзанда аз ҷашни ифтихории миллат 35 солагии Истиқлолияти давлатии кишвар қомат афрохта, саҳну атрофи бино сафолакпӯш ва сабзкорӣ гардидааст ва бунёди иншооти мазкур натанҳо дар беҳдошти шароит барои кормандони ин ниҳод мусоидат мекунад, балки боиси рушди инфрасохтори маҳал гардидааст.

























