Дар Вазорати корҳои дохилӣ Рӯзи милитсияи тоҷик ботантана таҷлил гардид
8-уми ноябри соли 2025 бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик дар маҷлисгоҳи Вазорати корҳои дохилӣ бо иштироки Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, меҳмонону собиқадорон, роҳбарият ва ҳайати шахсии мақомоти корҳои дохилӣ чорабинии тантанавӣ доир гардид.
Пас аз хондани Суруди миллӣ ва ба толор ворид кардани Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавиро Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро оғоз бахшида, ҳозирин, ҳайати шахсӣ ва собиқадорони мақомоти корҳои дохилиро бо Рӯзи милитсияи тоҷик табрику муборакбод гуфта, барояшон саломатӣ, хонаи обод, иқболу саодатмандӣ таманно намуд.
Вазири корҳои дохилӣ зимни баромади худ аз ғамхориву дастгириҳои ҳамешагӣ ва таваҷҷуҳи беандозаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати хизматчиёни мақомоти корҳои дохилӣ ёдоварӣ карда, иброз намуд, ки тавре ҳамагон хуб медонед, мо - кормандони милитсия, дар баробари дигар иду ҷашнҳои давлатӣ, бо дастури Президенти мамлакат ҳамасола Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана ҷашн мегирем, ки ин ҳама шаҳодати ғамхориву дастгириҳои Пешвои миллат мебошад.
Боиси ифтихору сарфарозии ҳар яки мост, ки Сарвари давлат пайваста аз шароити хизмативу маишӣ ва иҷтимоии ҳайати шахсии мақомот бохабар гардида, баҳри боз ҳам хубтару беҳтар кардани шароити корӣ тамоми тадбирҳоро роҳандозӣ менамоянд.
Чуноне медонем, бо дастгириҳои Роҳбари давлат дар зарфи беш аз даҳ соли охир зиёда аз 90 раёсату шуъба ва дигар ҷузъу томҳои Вазорати корҳои дохилӣ аз нав бунёд ёфта, тамоми биноҳои маъмурии мақомоти корҳои дохилӣ бо тарҳи замонавӣ таъмиру тармим ва бо лавозимоту таҷҳизоти муосири хизматӣ таъмин гардидаанд, инчунин қисмҳои ҳарбии Раёсати Ⱪӯшунҳои дохилӣ дар вилоятҳои Суғду Хатлон ва вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, минтақаи Рашт бунёд шудаанд.
Бояд гуфт, Сарвари давлат ҳамасола ба Вазорати корҳои дохилӣ ва раёсату дигар ҷузъу томҳои он ташриф меоваранд ва танҳо давоми соли равон Роҳбари давлат се маротиба, аз ҷумла ба Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе ва Дастаи таъиноти махсуси милитсия «Шоҳин»- и раёсати мазкур, инчунин ба факултети рақами 4-и Академияи ВКД дар шаҳри Хуҷанд ташриф оварда, биноҳои навбунёди онҳоро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Дар идомаи баромади худ Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода вобаста ба таъминоти ҳамаҷонибаи ҳайати шахсӣ бо сару либос, маводи хӯрока, таҷҳизоту лавозимоти корбарӣ, нақлиётҳои хизматии ҳозиразамон, инчунин ҷудо гардидани қитъаҳои замин ва хонаҳои истиқоматӣ барои кормандони милитсия, таъсиси хоҷагиҳои ёрирасони кишоварзиву фермерӣ ва корхонаи дӯзандагии РТМТ ва Н-и ВКД сухан ронда, зикр кард, ки ин ҳама пешрафту дастовардҳои мақомоти корҳои дохилӣ аз ғамхориву дастгириҳои Сарвари давлат гувоҳӣ медиҳанд.
Ҳамчунин, оид ба забономӯзиву китобхонӣ, аз бар намудани илмҳои замон ва техникаву технологияи муосир андешаронӣ намуда, изҳор дошт, ки ҳар як корманди милитсия бояд на кам аз ду забони хориҷиро донад ва бештар дар ин самт корбарӣ намояд, ҳамзамон донистани технологияи муосирро, ки имрӯз тамоми сокинони кураи замин аз онҳо истифода мекунанд, омӯзанду корбарӣ намоянд.
Дар идомаи суханронии худ роҳбари аввали мақомоти корҳои дохилӣ аз вазъи сиёсиву криминогении минтақаву ҷаҳон, фаъолияти гурӯҳу созмонҳои террористиву экстремистӣ ва муташаккили ҷиноятӣ изҳори нигаронӣ карда, изҳор дошт, ки корманди мақомоти корҳои дохилӣ бояд ҳамеша чусту чолок, ҳушёру зирак бошад ва нагузорад нохалефе оромиву осоиштагии давлату миллати моро халалдор созад.
Дар қисмати дигари чорабинии тантанавӣ бо Фармоиши Вазорати корҳои дохилӣ як қатор кормандон барои фаъолияти хубу назаррас, садоқат ба касб ва ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик бо рутбаҳои махсуси навбатии «Полковники милитсия», «Подполковники милитсия», медалҳои «Барои хизматҳои шоён» дараҷаҳои 1, 2 ва 3, медалҳои «Садоқат», «Милитсияи Тоҷикистон», нишонҳои сарисинагӣ, Ифтихорномаи фахрӣ, «Раҳматнома»-и Вазири корҳои дохилӣ, инчунин як қатор собиқадорони ВКД ва дар умум, зиёда аз 700 нафар кормандон қадрдонӣ карда шуданд.
Дар интиҳои чорабинӣ Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бори дигар ҳозирин ва дар симои онҳо тамоми ҳайати шахсии мақомоти корҳои дохилӣ ва собиқадорони соҳаро бо фарорасии Рӯзи милитсия муборакбод гуфта, чунин таъкид кард:
«Корманди милитсия бояд зоҳиран ҷиддӣ, ором, хушмуомила ва ботинан қавиирода, далеру шуҷоъ, дар умум масъулиятнок бошад.
Зоҳиран орому ҷиддӣ, дар рақобат ҳамчу шер,
Ботинан руҳан қавию зӯру нотарсу далер».
Р. ИЛЁСЗОДА,
У. ОЛИМ


























