Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи ошхонаи Коллеҷи оташнишонӣ-техникии ВКД дар ноҳияи Данғара

7-уми ноябри соли 2025 дар арафаи таҷлили «Рӯзи милитсияи тоҷик» дар Муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи оташнишонӣ-техникии Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Данғара ошхонаи замонавӣ бо иштироки муовини Вазири корҳои дохилӣ полковники милитсия Вализода Илҳомиддин Сироҷиддин ва раиси ноҳияи Данғара Саломзода Сиҷоуддин мавриди истифода қарор дода шуд. 
Ошхона бо анбори маҳсулоти хӯрока бо 200 ҷойи нишаст, мизу курсиҳои замонавӣ ва дигар таҷҳизоти зарурӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Инчунин майдончаи варзишӣ барои бозии футболи хурд ва майдончаи сафороӣ бунёд карда шуда, ба истифода дода шуд.  
Қайд кардан зарур аст, ки бинои Муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи оташнишонӣ-техникии Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Данғара соли 2021 бо тарҳи замонавӣ иборат аз 5 ошёна сохта шуда, аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди истифода қарор гирифта буд. Дар Коллеҷ аз рӯйи ихтисоси «техники бехатарӣ аз сӯхтор» мутахассис тайёр карда мешавад ва айни замон наздики 200 нафар курсантон аз ҳар гӯшаву канори кишвар ба таълим фаро гирифта шудаанд.
Зимни боздид муовини Вазири корҳои дохилӣ аз курсантони Муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи оташнишонӣ-техникии Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Данғара даъват ба амал овард, ки бо истифода аз шароитҳои муҳайёкардашуда бо баҳои хубу аъло таҳсил намуда, мутахиссиси хуби оташнишонӣ гарданд ва дар ҷодаи интихобнамудаи худ дар оянда хизмат намоянд.
Эҳсон Абдуллозода

07.11.2025 17:30
68