Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳалокати марди 47-сола дар натиҷаи вайрон кардани техникаи бехатарӣ 

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 29-солаи сокини шаҳри Душанбе бо гумони вайрон кардани қоидаҳои муҳофизати меҳнат дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда аз 1-уми январи соли 2025, бо фармони директори ҶДММ “Алибобо ва 40К”, ҳамчун шахси масъули ҷамъияти мазкур оид ба техникаи бехатарӣ дар таҷҳизоти бетонтайёркунӣ ба ҳисоб рафта, дар вақти фаъолияти хизматиаш талаботи банди 3 моддаи 349 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистонро сарфи назар намуда, 3-юми октябри соли 2025, тахминан соати 13:40-дақиқа, марди 47-солаи сокини пойтахт ҳангоми тоза намудани таҷҳизоти бетонтайёркунӣ, гумонбаршаванда аз беэҳтиётӣ тугмачаи мошиначопкунии компютерии мазкурро пахш намудааст, ки дар натиҷа ҷабрдида ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. 
Нисбати гумонбаршаванда бо қисми 2 моддаи 154 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

07.11.2025 8:32
44