Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Нишасти гурӯҳи кории байниидоравии ҳамоҳангсозӣ байни Вазоратҳои корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон

5-уми ноябри соли 2025 дар Муассисаи давлатии «Маҷмӯи меҳмонхонаҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» нишасти гурӯҳи кории байниидоравии ҳамоҳангсозӣ байни Вазоратҳои корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон ва ҷаласаи роҳбарони мақомоти корҳои дохилии минтақаҳои наздисарҳадии ҳарду кишвар бо иштироки муовини якуми Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Аламшозода Абдураҳмон Аламшо ва муовини якуми Вазири корҳои дохилӣ - сардори Департаменти оперативӣ - ҷустуҷӯии ВКД Ҷумҳурии Узбекистон полковник Раҳматуллаев Аюбхон Тошхуҷаевич баргузор гардид.
Дар ҷараёни нишаст ҳамкории байни Вазоратҳои корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон дар мубориза бо ҷиноятҳои фаромиллӣ ва фаъолияти тафтишотӣ, вазъи ҳамкории байни идораҳои ду кишвар дар мубориза бо экстремизм, терроризм ва муайян кардани дурнамои ояндаи ҳамкории дуҷониба мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Инчунин оид ба таҳким бахшидани ҳамкории байни ду ниҳод дар мубориза бо қочоқи ғайриқонунии маводи нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо, ташкил намудани чорабиниҳои фарҳангӣ ва варзишӣ байни ниҳодҳои наздисарҳадии мақомоти корҳои дохилии ду кишвар таклифу пешниҳодҳои судманд ироа гардиданд.

05.11.2025 16:17
98