Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мусобиқаи шахсӣ-даставӣ оид ба гуштини "Самбо"

Бо мақсади ташвиқу тарғиби варзиш, тарзи ҳаёти солим дар байни кормандону варзишгарон, такмили минбаъдаи тарбияи ҷисмонӣ, амалӣ намудани Барномаи рушди тарбияи ҷисмонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026, мусобиқаи шахсӣ-даставӣ оид ба гуштини «Самбо» барои дарёфти «Ҷоми Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бахшида ба таҷлили «Рӯзи милитсия» аз 
31-ум октябр то 1-уми ноябри соли 2025 дар толори Маҷмааи варзишии Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Мусобиқаи мазкур таҳти роҳбарии муовини якуми Раиси Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон полковники хизмати дохилӣ Шоҳиён Аслиддин Назрӣ баргузор гардида, ғолибон бо мукофотҳои гуногун ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардиданд.

04.11.2025 15:21
22