Муайян шудани ҳолатҳои дуздӣ
Ба ШВКД дар ноҳияи Ёвон аризаи марди 59-солаи сокини ноҳияи мазкур ворид гардидааст, ки аз 1-уми сентябри соли 2025 то 2-юми ноябри соли 2025, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз лаби канали обгузари деҳаашон 1-адад муҳаррики обкашии барқӣ (насос)-ро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Зарари расонидашуда 2 ҳазору 400 сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ин ҷиноятро ҷавони 23-солаи сокини ҳамин ноҳия содир намудааст.
Инчунин ба ШВКД дар ноҳияи Данғара бо ариза марди 57-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки 7-уми октябри соли 2025, тахминан соати 12:00, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз чарогоҳи хоҷагии деҳқонии ба номи ”Шокирҷон” як сар чорвои калони шохдор, ки арзишаш 4 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ин ҷиноятро ҷавони 20 ва ноболиғи 19-солаи сокинони ҳамин ноҳия содир намудаанд.
Ҳамин тариқ дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 36-солаи сокини ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе, ки пеш 3 маротиба бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда 21-уми октябри соли 2025, тахминан соати 10:00, ҳангоми дар маҳаллаи Гулбуттаи пойтахт қарор доштанаш бо роҳи пинҳонӣ бағоҷи автомашинаи тамғаи “Опел Астра”-ро кушода, аз онҷо 4-адад пакети селофании “шиваки”, ки дар дохилаш бозичаҳои кӯдакона буд, дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Зарари расонидашуда 4 ҳазору 200 сомониро ташкил медиҳад.
Ҳамзамон гумонбаршаванда 19-уми октябри соли 2025, тахминан соати 09:00, дар маҳаллаи Гулбутта бо роҳи пинҳонӣ аз дохили автомашинаи тамғаи “Мерседес Спринтер”, 5 ҳазору 200 сомонӣ ва 1-адад “Манитор”-ро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Зарари расонидашуда 6 ҳазору 700 сомониро ташкил медиҳад.
Оид ба ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

















