Боздошти ноболиғон бо гумони авбошӣ
Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ноболиғи 16-солаи сокини шаҳри Душанбе бо гумони содир намудани ҷинояти авбошӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда тахминан соатҳои 08:30-дақиқа, ҳангоми дар таваққуфгоҳи бинои №75А, воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ қарор доштанаш бо ноболиғи 17-солаи сокини пойтахт ва дигар нафароне, ки шахсияташон ба тафтишот маълум нест муноқиша намуда, тартиботи ҷамъиятиро муддати 10-15 дақиқа дағалона вайрон намудаанд.
Дар рафти муноқиша гумонбаршаванда бо худаш як адад арматури оҳанин дошта дар қисмати болои сари ноболиғи 17-сола як маротиба зарба зада, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштааст.
Инчунин ҳангоми гузаронидани ҳаракатҳои тафтишотӣ бо парвандаи ҷиноятӣ марди 36-солаи сокини шаҳри Душанбе бо гумони содир намудани ҷинояти авбошӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда 24-уми сентябри соли 2025, тахминан соати 17:30-дақиқа, дар кӯчаи Р.Набиеви пойтахт аз ҳиссиёти авбошӣ бе ягон асос бо марди 39-солаи сокини пойтахт ҷангу ҷанҷол намуда, бо асбоби муруваттоб як маротиба ба дасти ҷабрдида зарба задааст.
Мувофиқи хулосаи тибби-судӣ ҷабрдида ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

















