Ба амал омадани якчанд ҳодисаи нақлиётии марговар
24-уми октябри соли 2025, тахминан соати 15:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «ДЭУ Лабо», Мирзоев Холиқберди Суюнович, соли таваллудаш 1997, сокини шаҳри Панҷакент, ҳангоми ҳаракат бо роҳи мошингарди «Панҷакент-Шурнова», дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Сарзами шаҳри Панҷакент аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёташ набаромада, ба дучархаи тамғаи «Скутер» таҳти идораи ноболиғ Содиқов Адҳам Насруллоевич, соли таваллудаш 2008, сокини шаҳри мазкур бархӯрдааст.
Дар натиҷа, ронандаи «Скутер» ноболиғ Содиқов А. аз ҷароҳати ҷисмонии бардоштааш дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
24-уми октябри соли 2025, тахминан соати 23:30-дакиқа, ронандаи мотороли сечарха Шехов Абдукарим Абдуқодирович, соли таваллудаш 1995, сокини ноҳияи Панҷ, ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Нури-Ваҳдати ноҳияи мазкур қоидаҳои ҳаракат дар роҳро вайрон намуда, ба дарахтони канори роҳ бархӯрдааст.
Дар натиҷа, Шехов А.А. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта дар беморхона бистарӣ гардида, 25-уми октябри соли 2025, тахминан соатҳои 06:30-дақиқа дар онҷо ба ҳалокат расидааст.
25-уми октябри соли 2025, тахминан соатҳои 13:20-дақиқа, ронандаи автомашинаи боркаши тамғаи «HFJ-6370G», Раҳматуллоев Баҳром Зиёдулоевич, соли таваллудаш 1996, сокини ноҳияи Восеъ, ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Гулистони ноҳияи мазкур аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, бо қисми пеши автомашинааш дучархаи барқӣ, таҳти идораи Бегов Давлатмурод, соли таваллудаш 1950, сокини ҳамин ноҳияро, ки роҳро убур мекард, пахш намудааст.
Дар натиҷа, дучархарон Бегов Д. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
25-уми октябри соли 2025, тахминан соати 18:40-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “ДЭУ-Тико”, Саймаҳмудов Фахриддин Муборакшоевич, соли таваллудаш 1998, сокини шаҳри Турсунзода, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди ҷамоати деҳоти Пахтаободи шаҳри мазкур аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Қобилов Охилҷон Очилдиевич, соли таваллудаш 1997, сокини ҳамин шаҳрро пахш намудааст.
Дар натиҷа, пиёдагард Қобилов О.О. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
25-уми октябри соли 2025, тахминан соати 18:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес Бенс», Хабилов Азизжон Баҳодурович, соли таваллудаш 2003, сокини ноҳияи Б.Ғафуров, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Хуҷанд ба самти ноҳияи Б.Ғафуров дар роҳи одамгузар аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагарди ноболиғ Фарҳодзода Азизҷон, соли таваллудаш 2011, сокини ноҳияи мазкурро пахш намудааст.
Дар натиҷа, пиёдагарди ноболиғ Фарҳодзода А. ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
25-уми октябри соли 2025, тахминан соати 20:20-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Хундай-Портер”, Саидов Ҳасан Абдулҳамидович, соли таваллудаш 1993, сокини ноҳияи Ёвон, ҳангоми ҳаракат аз самти ҷамоати шаҳраки Ёвон ба самти ҷамоати деҳоти Обшорони ноҳияи мазкур аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, дар ядаки трактори тамғаи “МТЗ 89”, ки ба Исматуллоев Саидбек Малахович, соли таваллудаш 1982, сокини ҳамин деҳа тааллуқ дорад, бархӯрдааст.
Дар натиҷа, мусофирони автомашинаи тамғаи “Хундай-Портер”, хурдсол Абдулҳамидзода Анас Ҳасан, соли таваллудаш 2018 ва ноболиғ Асатиллозода Садриддин Хайриддин, соли таваллудаш 2007, сокинони ноҳияи Ёвон ҷароҳатҳои гунонуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардида, ноболиғ Асатиллозода С.Х. дар онҷо ба ҳалокат расидааст.
26-уми октябри соли 2025, тахминан соати 12:50-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “BYD Yuan UP”, Абдуллоев Лутфулло Неъматуллоевич, соли таваллудаш 2000, сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди ҳудуди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагарди хурдсол Тағозода Абдулло Диловарович, соли таваллудаш 2020, сокини пойтахтро пахш кардааст.
Дар натиҷа, пиёдагарди хурдсол Тағозода А.Д. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона интиқол додан ба ҳалокат расидааст.
26-уми октябри соли 2025, тахминан соати 11:40-дақиқа, ронандаи автомашинаи “ВАЗ”, Маликов Джамил Сангович, соли таваллудаш 1963, сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат аз самти ноҳияи Ёвон ба самти шаҳри Норак дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Ҳ.Ҳусейнови ноҳияи мазкур аз уҳдаи идораи автомашина набаромада, ба чуқурии канори роҳ сарозер шудааст.
Дар натиҷа, ронанда Маликов Д.С. ҷароҳатҳои гунонуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.



















