Ҳалокати пиёдагард дар натиҷаи ҳодисаи нохуши нақлиётӣ
13-уми октябри соли 2025, тахминан соати 12:45-дақиқа, ронандаи автомашинаи боркаши тамғаи “Мерседес-Бенс Атеко”, Сидиқов Муҳаммадраҳим Урфониддинович, соли таваллудаш 1992, сокини ноҳияи Лахш, ҳангоми ҳаракат ба қафо дар ҳудуди деҳаи Пилдони-болои ноҳияи мазкур Юнусов Қудратулло Маҳмадхолиқович, соли таваллудаш 1992, сокини ҳамин ноҳияро пахш намудааст.
Дар натиҷа, Юнусов Қ.М. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Оид ба ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.















