Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифшо шудани се ҳодисаи дуздӣ 

Ба ШВКД дар шаҳри Бохтар бо ариза марди 57-солаи сокини ноҳияи Хуросон муроҷиат намудааст, ки 3-юми октябри соли 2025, тахминан соати 10:30-дақиқа, ҳангоми дар бозори Ҳ.Шариф қарор доштанаш шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз дохили автомашинаи шахсиаш тамғаи “Даево-Некси”, 10 ҳазору 250 сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро ҷавони 19-солаи сокини шаҳри Левакант, ки пеш бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, содир намудааст.
Инчунин ба ШВКД дар ноҳияи Фархор аризаи марди 36-солаи сокини ноҳияи мазкур ворид гардидааст, ки шаби 3 ба 4-уми октябри соли 2025, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз сари заминҳои хоҷагии деҳқониаш, воқеъ дар деҳаи Сурхоби ноҳияи Фархор 1-сар аспро, ки арзишаш 12 ҳазор сомонӣ мебошад, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро пешдастгиршудагон ҷавони 26 ва марди 28-солаи сокинони ноҳияҳои Фархору Восеъ содир намудаанд.
Ҳамин тариқ зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ноболиғи 16-солаи сокини ноҳияи Спитамен ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дузӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда 7-уми октябри соли 2025, тахминан соати 12:30-дақиқа, аз мағозаи фӯруши қисмҳои эҳтиётии телефони мобилии марди 36-солаи сокини ноҳияи Спитамен 1-адад телефони мобилии тамғаи «Редми 14» арзишаш 3 ҳазор сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Нисбати гумонбаршаванда бо қисми 2 моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

14.10.2025 8:08
20