Ифшо шудани ҳодисаҳои дуздии молу амволи шаҳрвандон
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки марди 41-солаи сокини шаҳри Хуҷанд, ҷойи кораш маҳсгари маркази ташхисию табобатии «Табибони шафқат»-и шаҳри Хуҷанд, 21-уми сентябри соли 2025, тахминан соати 15:15-дақиқа, аз ҷайби жемпири табобатгиранда зани 62-солаи сокини ноҳияи Ашт як ҷуфт гӯшвор ва як гарданбанди тиллоӣ, ки арзишашон 20 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Нисбати гумонбаршаванда бо қисми 2 моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
Инчунин ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки зани 33-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуров, 6-уми сентябри соли 2025, тахминан соати 01:00, бо роҳи пинҳонӣ аз маркази дилхушии «Румӣ» 1-адад телефони мобилии тамғаи «Айфон 16 про мах», ки арзишаш 16 ҳазору 500 сомонӣ буда ба зани 33-солаи сокини шаҳри мазкур тааллуқ доштааст, дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Нисбати гумонбаршаванда бо қисми 2 моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад















