Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дастгир гардидани ду нафар бо ҷурми ғоратгарӣ

Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки марди 40 ва зани 62-солаи сокинони шаҳри Хуҷанд, 1-уми октябри соли 2025, тахминан соати 16:30-дақиқа, ба назди ҷавони 23-солаи сокини шаҳри мазкур ҳозир гашта, охиронро бо воситаи автомашинаи худ ба маҳаллаи 3-юми шаҳри Хуҷанд дастрас намуда, гӯё бо сабаби он, ки номбурда бо наберааш духтарбачаи 15-солаи сокини ҳамин шаҳр алоқаи ҷинсӣ намудааст, ӯро мавриди лату кӯб қарор дода, бо роҳи зӯрорварӣ ва ошкоро аз дасти ӯ телефони мобилии тамғаи «Хонор» ва шиносномаи миллиашро тассаруф намуда, инчунин барои бадном кардани наберааш 300 ҳазор сомонӣ талаб намудаанд, ки гумонбаршавандагон ҳангоми қабул намудани маблағи пулӣ ба миқдори 40 ҳазор сомонӣ дар ҳудуди шаҳри Хуҷанд дастгир карда шуданд. 
Нисбати гумонбаршаванагон бо қисми 2 моддаи 248 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

13.10.2025 8:45
20