Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Боздошти марди 36-сола бо гумони азонихудкунӣ ё исрофкорӣ

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки марди 36-солаи сокини шаҳри Хуҷанд аз 18-уми апрели соли 2024, дар асоси шартномаи меҳнатӣ ба филиали ҶДММ «Камолот тиҷорат» ба ҳайси ронанда-боррасон ба кор қабул гардида, маҳсулоти хӯрока ва атриётро ба мағозаҳои ҳудуди шаҳри Хуҷанд ворид намуда, аз мағозаҳои ҳудуди шаҳри Хуҷанд маблағи 746 ҳазору 635 сомониро ҷамъ намуда, аз он 126 ҳазору 7 сомониашро азонихуд намуда, ба ҶДММ-и мазкур зарари ҷиддӣ расонидааст.
Нисбати гумонбаршаванда бо қисми 2 моддаи 245 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

10.10.2025 8:08
26