Дастгир гардидани нафарони гумонбар ба роҳзанӣ
Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ноболиғи 16-солаи сокини шаҳри Душанбе бо гумони содир намудани ҷинояти роҳзанӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда 4-уми октябри соли 2025, тахминан соати 15:30-дақиқа, дар кӯчаи Н.Махсуми ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бо ҳамроҳии ҳаммаслакаш ноболиғи 17-солаи сокини пойтахт бо маслиҳати пешакӣ бо мақсади ба даст овардани фоидаи муфт бо истифода аз корд бо роҳи таҳдид ва истифодаи зӯроварӣ аз ҷайби ноболиғи 16-солаи сокини шаҳри Кӯлоб як адад телефони мобилии тамғаи «Айфон Х», ки арзишаш 800 сомониро ташкил медиҳад, тассаруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Инчунин гумонбаршаванда бо ҳамроҳии ҳаммаслакаш ноболиғи 17-сола бо ҳамин роҳ бо истифодаи корд, 6-уми октябри соли 2025, тахминан соати 15:30-дақиқа, дар кӯчаи Н.Махсум аз ҷайби ҷавони 19-солаи сокини ноҳияи Шаҳринав як адад телефони мобилии тамғаи «Айфон-8 плюс», ки арзишаш 1 ҳазору 700 сомониро ташкил медиҳад, тассаруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Ҳамин тариқ гумонбаршавандагон бо истифодаи корд 6-уми октябри соли 2025, тахминан соати 16:30-дақиқа, дар кӯчаи Н.Махсум аз ҷайби ҷавони 20-солаи сокини ноҳияи Шаҳринав як адад телефони мобилии тамғаи «Айфон-12»-ро, ки арзишаш 3 ҳазору 700 сомониро ташкил медиҳад, тасарруф намуда аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Оид ба ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.















