Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳалокати  марди дучархарон ва ду пиёдагард бар асари ҳодисаҳои нақлиётӣ

1-уми октябри соли 2025, тахминан соати 05:00, ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс”, Шарипов Қурбоналӣ Асадуллоевич, соли таваллудаш 1974, сокини шаҳри Ваҳдат ҳангоми ҳаракат аз самти деҳаи Неъматобод ба самти шаҳри Ваҳдат, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Б.Бурунов дучархарон Давлатов Исмоил Раҳимович, соли таваллудаш 1982, сокини шаҳри мазкурро пахш намудааст. 
Дар натиҷа, дучархарон Давлатов И.Р. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми дастрас кардан ба беморхона ба ҳалокат расидааст. 
1-уми октябри соли 2025, тахминан соати 19:10-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», Боев Хайрулло Сайфуллоевич, соли таваллудаш 1995, сокини ноҳияи Данғара, ҳангоми ҳаракат аз самти ноҳияи Данғара ба самти шаҳри Бохтар дар ҳудуди ноҳияи Кӯшониён аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Сафарова Шаҳноза Ибодуллоевна, соли таваллудаш 1986, сокини ноҳияи Кӯшониёнро, ки дар дасташ фарзанди хурдсолаш Сафаров Раҳимҷон Каримович, соли таваллудаш 2022 буд, пахш намудааст. 
Дар натиҷа, Сафарова Ш.И. ва писари хурдсолаш Сафаров Р.К. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.
Оид ба ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

02.10.2025 8:48
53