Боздошти ҷавони 21-сола барои авбошӣ
Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 21-солаи сокини шаҳри Душанбе бо гумони содир намудани ҷинояти авбошӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда 1-уми октябри соли 2025, тахминан соати 01:20-дақиқа, дар кӯчаи Борбади ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе аз ҳиссиёти авбошӣ тартиботи ҷамъиятиро вайрон намуда, ба ҷавони 24-солаи сокини пойтахт дарафтода, бо корд як маротиба ба дасти чапаш зарба задааст.
Дар натиҷа, ҷабрида ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштааст.
Оид ба ин ҳодиса тафтишот идома дорад.
















