Ба вуқӯъ пайвастани ду ҳодисаи нақлиётии марговар
28-уми сентябри соли 2025, тахминан соати 20:00, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Зафира”, Тошмаматов Ғайрат, соли таваллудаш 1991, сокини ноҳияи Шаҳритус, ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Пахтаободи ноҳияи мазкур аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагарди хурдсол Неъматзода Малак, соли таваллудаш 2020, сокини ҳамин ноҳияро пахш намудааст.
Дар натиҷа пиёдагарди хурдсол ба саломатиаш ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
29-уми сентябри соли 2025, тахминан соати 06:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», Ҳаитов Аҳмад Қосимович, соли таваллудаш 1992, сокини ноҳияи Зафаробод, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди «Зафаробод-Спитамен» аз самти ноҳияи Зафаробод ба самти ноҳияи Спитамен аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба дарахти канори рости роҳ бархӯрдааст.
Дар натиҷа, ронанда Ҳаитов А.Қ. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

















