Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ошкор шудани азонихудкунии маблағ

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 35-солаи сокини шаҳри Душанбе бо гумони азонихудкунӣ ё исрофкорӣ дастгир карда шуд. 
Гумонбаршаванда аз соли 2019 дар ҶДММ “Анахид”, ки ба ҳайси сармуҳосиб кору фаъолият мекард, 1-уми январи соли 2022 ба вазифаи сардори шуъбаи фурӯш ба кор қабул карда шудааст.
Тибқи шартнома гумонбаршаванда дар минтақаҳои муайяншуда дар ҳудуди шаҳри Душанбе маҳсулотҳои корфарморо муаррифӣ намуда бо онҳо шартномаи хариду фурӯш баста, ба мағозаҳо маҳсулоти  ҶДММ “Анахид”-ро ба маблағи 127 ҳазору 548 сомонӣ тақсим намуда, аз мағозаҳо маблағи мазкурро гирифта ба хазинаи корхона насупорида онҳоро азонихуд намуда, ба манфиати шахсии худ сарф намудааст.
Оид ба ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

30.09.2025 8:14
44