Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифшо шудани ҳолатҳои қаллобӣ вобаста ба хариди хона

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки марди 43-солаи сокини шаҳри Душанбе 1-уми ноябри соли 2022 бо роҳи фиреб ба боварии марди 33-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ даромада, аз ӯ 13 ҳазору 725 доллари амрикоӣ гирифта, аз бинои истиқоматии кӯчаи Рӯдакӣ ҶДММ “Кайҳон сохтмон” 85,56-метри мураббаъ хона вобаста намудааст.
Сипас, хонаи мазкурро ба дигарон фурӯхта маблағашро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.
Инчунин гумонбаршаванда бо ҳамин роҳ 16-уми сентябри соли 2022 аз марди 45-солаи сокини ноҳияи Файзобод 263 ҳазору 97 сомонӣ гирифта, аз бинои истиқоматии кӯчаи Рӯдакӣ ҶДММ “Кайҳон сохтмон” 85,56-метри мураббаъ хона вобаста намудааст. 
Сипас, хонаи мазкурро ба дигарон фурӯхта, маблағашро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст. 
Нисбати гумонбаршаванда бо қисми 4 моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

26.09.2025 8:49
32