Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи бинои нави ШБДА дар шаҳри Ваҳдат

Дар доираи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Ваҳдат, бо иштироки Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бинои нави Шуъбаи бозрасии давлатии автомобилӣ ифтитоҳ гардид.
Вазири корҳои дохилӣ аз ҳуҷраҳои корӣ ва дигар шароитҳои хизматӣ дидан намуда, аз сатҳу сифати корҳои анҷомдодашуда изҳори қаноатмандӣ кард.
Дар ҷараёни боздид ба кормандони 
ШБДА дар шаҳри Ваҳдат ҷиҳати таъмини назму тартибот, пешгирии вазъи қоидавайронкуниҳои ҳаракат дар роҳ ва гирифтани пеши роҳи садаманокӣ дар роҳҳои нақлиётгарди ҳудуди шаҳри Ваҳдат як қатор дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

Гул Маҳбуба.

26.09.2025 13:36
349