Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифшо шудани дуздии телефони мобилӣ

Ба ШВКД дар шаҳри Бохтар бо ариза марди 39-солаи сокини ноҳияи Ҷ.Балхӣ муроҷиат намудааст, ки 31-уми августи соли 2025, тахминан соати 12:40-дақиқа, шахсони номаълум аз дохили масҷиди панҷвақтаи маркази ноҳияи Ҷ.Балхӣ 2-адад телефонҳои мобилиашро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. 
Зарари расонидашуда 5 ҳазору 880 сомониро ташкил медиҳад. 
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ин ҷиноятро марди 41-солаи сокини ноҳияи Кӯшониён содир намудааст. 
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

23.09.2025 8:05
16