Ҷаласаи Мушовараи якҷояи Вазоратҳои корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия баргузор гардид
22-юми сентябри соли 2025 дар Муассисаи давлатии «Маҷмӯи меҳмонхонаҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷаласаи навбатии Мушовараи якҷояи Вазоратҳои корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия бо иштироки Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ва Вазири корҳои дохилии Федератсияи Россия генерали политсияи Федератсияи Россия Колоколсев Владимир Александрович баргузор гардид.
Дар ҷаласа масъалаҳои таҳким бахшидани ҳамкориҳо байни воҳидҳои тафтишотии Вазоратҳои корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия, натиҷаҳои ташкил ва истифодабарии ҳисоботҳои махзани ахбороти байнидавлатӣ ва Нақшаи кории Вазоратҳои корҳои дохилии Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2026 мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ҷаласаро бо сухани ифтитоҳӣ Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро оғоз намуда, зикр кард, ки ҳамкориҳои мақомотҳои корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия рӯз аз рӯз тақвият ёфта, дар доираи ҷаласаи Мушовараи якҷоя боз ҳам рушду такомул меёбанд.
Ин ҷаласа масъалаҳои муҳими ҳамкориҳоро фаро гирифта, дар он мубориза бар зидди ҷиноятҳои фаромиллӣ, мубодилаи иттилоот ва дигар масъалаҳои мубрам мавриди муҳокима қарор дода мешаванд.
Дар рафти Мушовараи якҷоя тамоюли мусбати рушди ҳамкориҳои мақомоти тафтишоти пешакии мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия қайд гардида, инчунин афзалияти минбаъд ҳам вусъат додани хамкорӣ ба мақсади бо сифати баланд тафтиш намудани ҷиноятҳои дар ҳудуди ҳар ду мамлакат содиршуда, таъкид карда шуд.
Зикр гардид, ки яке аз шаклҳои афзалиятноки ҳамкории воҳидҳои тафтишотӣ амалӣ намудани амалҳои мурофиавӣ дар доираи расонидани ёрии ҳуқуқӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ мебошад.
Бо дарназардошти рушди босуръати технологияҳои рақамӣ, дар ҳарду кишвар мубориза бар зидди ҷиноятҳое, ки бо истифода аз технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ содир мешаванд, махсусан таъхирнопазир мегардад.
Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия заминаи ҳуқуқии байналмилалии ҳамкориҳоро оид ба мубодилаи иттилоот дар шакли электронӣ такмил медиҳанд.
Дар идомаи ҷаласаи Мушовараи якҷоя Вазири корҳои дохилии Федератсияи Россия генерали политсияи Федератсияи Россия Колоколсев Владимир Александрович баромад намуда, қайд кард, ки Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия бо Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ҳамкории зич дошта, пайваста чорабиниҳои муштаракро роҳандозӣ ва амалӣ менамоянд.
Дар идомаи ҷаласа аз ҷониби вазирони ҳарду кишвар Нақшаи кории Вазоратҳои корҳои дохилии Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2026 тасдиқ гардида, дар доираи Мушовараи якҷояи Вазоратҳои корҳои дохилии Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.
Дар интиҳои ҷаласа Вазирони ҳарду кишвар бо сухани хотимавӣ баромад намуда, аз натиҷаҳои ба дастомада изҳори қаноатмандӣ карданд.
Бояд тазаккур дод, ки вазифаи Мушовараи якҷояи Вазоратҳои корҳои дохилии Тоҷикистон ва Россия боз ҳам чуқуртар ва васеътар баррасӣ намудани масъалаҳои муҳим, ташкил намудани ҳамкориҳои муштарак дар мубориза бо ҷинояткорӣ ва ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, муайян намудани самтҳои рушди ҳамкориҳои дуҷониба, инчунин андешидани чораҳои амалӣ дар мубориза бар зидди ҷинояткорӣ дар ҳудуди ҳарду давлат мебошад.
Гул Маҳбуба, полковники милитсия



























