Ҳалокати мусофири дучархаи барқӣ дар ноҳияи Кӯшониён
19-уми сентябри соли 2025, тахминан соати 18:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Зокиров Шаҳзод Маҳмадқулович, соли таваллудаш 2001, сокини ноҳияи Кӯшониён, ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди ҷамоати деҳоти С.Истиқлоли ноҳияи мазкур қоидаи ҳаракати роҳро вайрон карда, ба дучархаи барқии "Скутер" таҳти идораи Ҳотамов Рауфҷон Азамҷонович, соли таваллудаш 1995, сокини ҳамин ноҳия, бархӯрдааст.
Дар натиҷа, мусофири дучархаи барқии мазкур Ҳакимова Шаҳноза Абдуғаффоровна, соли таваллудаш 1998, сокини ноҳияи Кӯшониён, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида ва худи ронандаи дучархаи барқӣ Ҳотамов Р.А. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Оид ба ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.















