Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқоти Вазирони корҳои дохилии Тоҷикистону Россия дар ҳошияи Форум

17-уми сентябри соли 2025 дар ҳошияи Форум оид ба таъмини амнияти фаромиллӣ дар шаҳри Лянюнгани Ҷумҳурии Мардумии Чин вохӯрии Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо Вазири корҳои дохилии Федератсияи Россия генерали политсия Колоколтсев Владимир Александрович  баргузор гардид.
Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои тақвият бахшидани ҳамкориҳоро дар ҷодаи мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, киберҷиноятҳо,  инчунин масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ, беҳтар намудани шароит ва вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россияро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати густариши ҳамкориҳои минбаъда баён намуданд.

18.09.2025 13:34
209