Мулоқоти судманд ҷиҳати тақвият бахшидани ҳамкориҳо
18-уми сентябри соли 2025 дар ҳошияи Форум оид ба таъмини амнияти фаромиллӣ дар шаҳри Лянюнгани Ҷумҳурии Мардумии Чин, ки рӯзҳои 16-19-уми сентябри соли ҷорӣ баргузор мегардад, вохӯрии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо Комиссари генералии политсияи федеролии Эфиопия Демелаш Гебремихаил баргузор гардид.
Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои тақвият бахшидани ҳамкориҳоро дар ҷодаи мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, терроризм, экстремизм, киберҷиноятҳо ва шахсони дар ҷустуҷӯ қарордошта ба воситаи Ташкилоти байналмилалии полиси ҷиноятӣ - "Интерпол" мавриди баррасӣ қарор доданд.
Дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати густариши ҳамкориҳои минбаъда баён намуданд.
Гул Маҳбуба
















