Ошкор шудани кирдорҳои қаллобӣ
Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 61-солаи сокини ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бо гумони қаллобӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда соли 2018 бо роҳи фиреб ба боварии марди 58-солаи сокини ноҳияи Мастчоҳ даромада, бо баҳонаи нуқтаи фурӯши маҳсулоти нафту газ аз охирон маблағи 1 миллион доллари амрикоиро бо воситаи шартномаи хариду фурӯш, ки дар идораи давлатии нотариалӣ расмӣ кучонида шуда буд, ба номи писараш карда, маблағи мазкурро то ҳол надода, ба эҳтиёҷоташ сарф намудааст.
Нисбати гумонбаршаванда бо қисми 3 моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
Инчунин дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби корманддони милитсия марди 36-солаи сокини шаҳри Хуҷанд бо гумони содир намудани кирдори қаллобӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда аз 6-уми август то 28-уми августи соли 2025, бо роҳи фиреб ба боварии марди 51-солаи сокини шаҳри мазкур даромада, бо баҳонаи оварда додани масолеҳи сохтмонии «Арматура» аз ҳудуди Федератсияи Россия аз ӯ 300 ҳазор доллари амрикоӣ гирифта, ваъда додааст, ки маблағашро дар муддати кӯтоҳ бармегардонад, аммо то ҳол маблағи гирифтаашро барнагардонидааст.
Нисбати гумонбаршаванда бо қисми 4 моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
















