Иҷро накардани уҳдадорӣ оид ба таълиму тарбияи ноболиғ
11-уми сентябри соли 2025, тахминан соати 15:20-дақиқа, зани 33-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ бо истифода аз корди хоҷагӣ дар ошхонаи манзили истиқоматиаш, бо мақсади тарсонидан, ангушти калонии писари ноболиғи 12-солаашро бурида, дар ин ҳангом нӯги корд дар қисмати поёни шиками писараш расида, ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, ба беморхона дастрас карда шудааст.
Пас аз муоинаи табибон ноболиғи мазкур ба хонаашон ҷавоб дода шудааст.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.
















