Дастгир гардидани марди 34-сола барои қасдан расонидани зарари вазнини ҷисмонӣ
Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 34-солаи сокини шаҳри Душанбе бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда 10-уми сентябри соли 2025, тахминан соати 16:55-дақиқа, дар маҳаллаи Сомон дар дохили мағоза, аз ҳиссиёти авбошӣ бо марди 42-солаи сокини пойтахт муноқиша намуда, бо қайчӣ як маротиба ба қисмати тарафи чапи шиками ҷабрдида зарба задааст.
Дар натиҷа ҷабрдида мувофиқи маълумотномаи эксперти тиббӣ-судӣ зарари вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.















