Қасдан несту нобуд ё вайрон кардани молу мулк
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия оид ба ҳодисаи сӯхтори 7-уми снтябри соли 2025, тахминан соати 00:10-дақиқа, дар хонаи истиқоматии зани 47-солаи сокини ноҳияи Сангвор муайян карда шуд, ки собиқ келинаш зани 30-сола, ки бо ҳукми Суди ноҳияи Сангвор дар манзили ҷабрдида маскун карда шудааст, ҳангоми хоб будани собиқ хуштоману собиқ шаҳвараш аз ин ҳолат истифода бурда, пинҳонӣ аз дохили ҳаммом як зарфи пластикии панҷ литра, ки дар дохилаш сӯзишворӣ доштааст, гирифта бо таври кушодани оинаи тиреза ворид гардида, хонаро оташ задааст.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.















