Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ошкор шудани ҳолатҳои азонихудкунӣ ё исрофкорӣ

Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Шоҳмансур бо ариза марди 47-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки дар давоми 5-6 моҳи охири соли 2025, марди 39-солаи сокини ноҳияи Ҷ.Балхӣ, ки ба ҳайси фурӯшанда дар мағозаи нӯшокиҳои спиртӣ бо номи «СИМ-СИМ», кору фаъолият мекарда, ба боварии соҳибмулк марди 47-сола даромада молу мулки дар ихтиёраш бударо азони худ карда, ҳамарӯза аз хазинаи мағоза маблағҳои гуногуни пулӣ гирифта ба манфиати шахсияш сарф карда ба ҷабрдида маблағи 278 ҳазор сомонӣ зарар расонидааст. 
Инчунин дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 21-солаи сокини шаҳри Душанбе бо гумони азонихудкунӣ ё исрофкорӣ дастгир карда шуд. 
Гумонбаршаванда бо директори генерали ҶДММ «Баҳодур Тиҷорат», шартномаи меҳнатӣ аз 15-уми ноябри соли 2024, баста ҳамчун намояндаи савдо-фурӯшанда дар ҶДММ «Баҳодур Тиҷорат» ба кор қабул карда шуда, аз 15-уми ноябри соли 2024, то июли соли 2025 дар ҶДММ «Баҳодур Тиҷорат», ҳамчун намояндаи фурӯшанда фаъолияти корӣ намуда, дар давраи фаъолияти корияш маҳсулотҳои хӯрокворӣ ба ӯ барои фурӯш бовар карда супорида шуда ва маблағҳои аз фурӯши маҳсулотҳои мазкур дар ихтиёраш қарор доштаро ба хазинаи ҷамъияти мазкур ворид накарада, азони худ исрофкорӣ намудааст, ки дар натиҷа ба ҶДММ «Баҳодур Тиҷорат», ба маблағи 34 миллиону 997 ҳазору 51 сомонию 51 дирам зарари моддӣ расонидааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад. 

12.09.2025 8:39
41