Ифшо шудани ду ҳолати азонихудкунӣ ё исрофкорӣ
Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки марди 31-солаи сокини шаҳри Панҷакент роҳбари кооперативӣ тиҷоратии «Х.Муслим»-и ҷамоати деҳоти Халифа Ҳасани шаҳри Панҷакент дар давраи фаъолияти корӣ солҳои 2023-2024 ва ҳашт моҳи соли 2025 аз «Қайнар-Ато» ба миқдори 963 ҳазору 300 м/м оби полезиро ба маблағи 41 ҳазору 422 сомонӣ гирифта кооперативро бо оби полезӣ таъмин намуда, аз он 21 ҳазору 844 сомониро азонихуд намуда, ба эҳтиёҷоташ сарф намуда, ба суратҳисоби Идораи давлатии дарёи «Зарафшон» пардохт накардааст.
Нисбати гумонбаршаванда бо қисми 2 моддаи 245 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
Инчунин дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки марди 57-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуров директори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №20, дар давраи фаъолияти кориаш дар соли хониши солҳои 2024-2025, 1 ҳазору 490 нафар хонанда, ки дар 2 баст таҳсил карда истодаанд, дар асоси маҷлиси падарону модарон 12-уми сентябри соли 2024, мабалағи фонди хайрияви 10 сомонӣ муқаррар карда, 427 нафар хонандагонро дар асоси ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда аз пардохти маблағи мазкур озод карда, боқимонда 1 ҳазору 63 нафар хонандагон ҳар моҳ 10 сомонӣ хамчун маблағи фонди хайриявӣ месупоранд.
Дар умум аз хонандагон 106 ҳазору 350 сомонӣ бидуни амалиёти бонкӣ ҷамъоварӣ карда, аз ин 27 ҳазору 888 сомониро бо суистифода аз ваколатҳои мансабӣ азонихуд карда, ба эҳтиёҷоташ сарф кардааст.
Нисбати гумонбаршаванда бо қисми 2 моддаи 245 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.














