Дастгир гардидани ҷавони 20-сола бо ҷурми одамкушӣ
Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 20-солаи сокини ноҳияи Зафаробод бо гумони содир намудани ҷинояти одамкушӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда 5-уми сентябри соли 2025, тахминан соати 11:30-дақиқа, аз ҳиссиёти рашк бинобар сабаби рад намудани волидон ба шавҳар додани духтарашон арусшавандааш ҷавондухтари 19-солаи сокини ноҳияи Зафарободро ба воситаи нақлиёти шахсиаш тамғаи «Опел-Астра-G», ба самти номаълум бурда, дар дохили автомашинаи мазкур бо воситаи корди бо худ доштааш 16 маротиба ба узвҳои ҳаётан муҳимаш зарба задааст.
Сипас бо мақсади қасдан аз ҳаёт маҳрум кардан ҷабрдидаро тариқи кашола намудан ва бераҳмии махсус ба дохили бинои сохтмонаш нотамоми деҳаи Логин дароварда, бо воситаи моеъи сӯзишвории бензин оташ зада, ба ҳалокат расонидааст.
Нисбати гумонбаршаванда бо қисми 2 моддаи 104 Кодекси ҷиноятии Ҷумурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.














