Ифшо шудани ҳодисаҳои дуздии маблағу ҷавоҳирот
Ба ШВКД дар ноҳияи И.Сомонӣ бо ариза марди 39-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки тахминан моҳи августи соли 2025, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматиаш даромада, аз он ҷо як миқдор ҷавоҳироти гуногуни тиллоиро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Зарари расонидашуда 25 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ин ҷиноятро марди 39-солаи сокини пойтахт содир намудааст.
Инчунин дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 47-солаи сокини шаҳри Душанбе бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда 30-юми августи соли 2025, тахминан соати 19:00, дар дохили нуқтаи шустушӯи нақлиёт, воқеъ дар кӯчаи Мехкалон ҳангоми шустани автомашинаи барқии тамғаи «lisian L6», ки ба марди 30-солаи сокини шаҳри Ҳисор тааллуқ дорад, аз дохили он бо роҳи пиҳонӣ 3 ҳазору 700 доллари амрикоиро дуздидааст.
Ҳамин тариқ ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ноболиғи 15-солаи сокини шаҳри Конибодом ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда 26-уми августи соли 2025, тахминан соати 11:00, дар назди ошхонаи «Миллӣ»-и ҷамоати деҳоти Куҳандиёри шаҳри мазкур бо роҳи пинҳонӣ дучархаи (скутер), ки ба марди 50-солаи сокини ҳамин шаҳр тааллуқ дошта бе назорат меистод, дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Зарари расонидашуда 4 ҳазору 500 сомониро ташкил медиҳад.
Нисбати гумонбаршаванда бо қисми 2 моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.















