Оғоз намудани парвандаи ҷиноятӣ барои азонихудкунӣ
Ҳангоми санҷиш аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки марди 29-солаи сокини ноҳияи Кӯшониён бо фармони роҳбари филиали ҶСК «Шабакаҳои тақсимоти барқ» дар шаҳри Бохтар ба вазифаи назоратчии гурӯҳи 2-юми Шабакаҳои барқи ноҳияи Ҷайҳун дар хатсайри ҷамоати деҳоти Панҷ таъин гардида, ҳангоми фаъолияти кориаш бо истифода аз ваколатҳои мансабӣ моҳҳои январ-феврали соли 2025 аз 33 нафар муштариёни маишӣ (аҳолӣ)-и ҷамоати деҳоти Панҷ маблағи 2 ҳазору 920 сомонӣ, моҳҳои март-апрел-майи соли 2025 аз 9-нафар муштариёни маишӣ (аҳолӣ)-и ҷамоати деҳоти Панҷ маблағи 1 ҳазору 160 сомонӣ, моҳҳои июн-июли соли 2025 аз 68 нафар муштариёни маишӣ (аҳолӣ)-и ҷамоати деҳоти Панҷ маблағи 8 ҳазору 592 сомонӣ, тариқи нақдӣ қабул намуда, ба онҳо бо ин миқдор маблағи тавассути РО8-терминали Корхонаи воҳиди давлатии бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» расид пешниҳод намудааст.
Минбаъд маблағҳои қабулшударо тавассути РО8-терминали Корхонаи воҳиди давлатии бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» ба суратҳисоби Шабакаҳои барқи ноҳия бо барномаи «8-шаг1 ВШп» нагузаронида, маблағҳои мазкурро азонихуд намуда, дар натиҷа ба Шабакаҳои барқии ноҳияи Ҷайхун 12 ҳазору 672 сомонӣ зарари ҷиддӣ расонидааст.
Нисбати гумонбаршаванда бо қисми 2 моддаи 245 ва моддаи 323 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
















