Ифшо шудани ду ҳолати дуздӣ
Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Сино бо ариза марди 36-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки аз моҳи май то моҳи августи соли 2025 шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматиаш даромада, аз онҷо 17 қуттӣ сигори тамғаи «Милано” ва “Ессе», ки арзиши умумиашон 277 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ин ҷиноятро ҷавонони 26 ва 23-солаи сокинони шаҳри Душанбе содир намудаанд.
Инчунин зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия зани 37-солаи сокини шаҳри Душанбе, ки пеш бо моддаи 249 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда 4-уми сентябри соли 2025, тахминан соати 11:00, дар кӯчаи С.Айнии шаҳри Душанбе аз дохили автомашинаи боркаши Дулан, ки дар назди кинотеатри “Зебуниссо” беназорат меистод 1-адад телефони мобилии тамғаи “Самсунг нот 9” арзишаш 2 ҳазору 500 сомонӣ ва 10 ҳазору 800 сомонӣ, ки дар дохили ҳамёни “Душанбе сити” ба марди 36-солаи сокини пойтахт таалуқ доштааст, дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.
















