Ҷавони қаблан судшуда боз даст ба ҷиноят зад
Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ бо ариза ҷавони 20-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки 26-уми августи соли 2025, тахминан соати 15:30-дақиқа, шахси номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба мағозааш, воқеъ дар бозори “Корвон” даромада, аз он ҷо телефони мобилии тамғаи “Айфон 15 Промакс”-ро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Зарари расонидашуда 16 ҳазору 500 сомониро ташкил медиҳад.
Инчунин аз дохили корти “Душанбе сити”-аш зиёда аз 7 ҳазор сомониро тасарруф намудааст.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ин ҷиноятро ҷавони 23-солаи сокини ноҳияи Кӯшониён, ки қаблан бо моддаҳои 244, 247 ва 252 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, содир намудааст.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

















